Савол № 01874

Дар саволи №00002 доир ба масъалаи фарзандхонӣ бисёр суханҳо гуфта шудааст, аз он ҷумла: “...касоне, ки фарзанде ё ятимеро, ки синни ӯ аз дувуним сол зиёд набошад, ба фарзандхонӣ қабул мекунанд ва зани ин хонадон ӯро шир дода бошад, пас дар ин ҳолат ин фарзанд маҳрам ва ҷузъи хонадон маҳсуб мегардад”. Яке аз хешовандони наздики ман кўдакеро ба фарзандӣ гирифтанд, ки ҳанўз якҳафтаина нашуда ва ҷинсаш писар буд. Ҳамсари шахси фарзандхонгирифта танҳо як бор таваллуд кардаасту тамом. Пас аз он ки тифлро ба фарзандӣ гирифтанд, ўро бо ғизоҳои сунъӣ калон карданд. Ин зан шир надошт ва кўдакро аз шири худ надодааст. Оё ин кўдак барои наздиконаш маҳрам ба ҳисоб намеравад?

Савол:

Ассалому алайкум. Дар саволи №00002 доир ба масъалаи фарзандхонӣ бисёр суханҳо гуфта шудааст, аз он ҷумла: “...касоне, ки фарзанде ё ятимеро, ки синни ӯ аз дувуним сол зиёд набошад, ба фарзандхонӣ қабул мекунанд ва зани ин хонадон ӯро шир дода бошад, пас дар ин ҳолат ин фарзанд маҳрам ва ҷузъи хонадон маҳсуб мегардад”. Яке аз хешовандони наздики ман кўдакеро ба фарзандӣ гирифтанд, ки ҳанўз якҳафтаина нашуда ва ҷинсаш писар буд. Ҳамсари шахси фарзандхонгирифта танҳо як бор таваллуд кардаасту тамом. Пас аз он ки тифлро ба фарзандӣ гирифтанд, ўро бо ғизоҳои сунъӣ калон карданд. Ин зан шир надошт ва кўдакро аз шири худ надодааст. Оё ин кўдак барои наздиконаш маҳрам ба ҳисоб намеравад? Худованди меҳрубон Тоҷикистони моро тинҷу обод нигаҳ дорад. Саломат бошед!

Саволдиҳанда: Иброҳим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар ҳамсари шахсе, ки кўдакро ба фарзандхонӣ гирифтааст, ба кўдак шир надода бошад, дар ин сурат кўдак барои онҳо маҳрам ҳисоб намешавад. 

2018-07-06
3109
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25