Савол № 01880

Худованд одамро аз хок ва ҳайвонро аз об офаридааст. Ҷинро аз чӣ офаридааст?

Савол:

Ассалому алайкум устод. Худованд одамро аз хок ва ҳайвонро аз об офаридааст. Ҷинро аз чӣ офаридааст?

Саволдиҳанда: Алишер

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Худованд ҷинро аз оташ офаридааст, чунонки дар Қуръони карим омадааст: “Ва ҷинро аз забонаи оташ офарид”. (Сураи “Раҳмон”, ояти 15) Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расули акрам (с) фармуданд: “Фариштагон аз нур офарида шудаанд, ҷин аз забонаи оташ ва Одам аз он чизе, ки ба шумо тавсиф шудааст”.

2018-07-06
3407
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53