Савол № 01924

Ҳангоми зарурат намозро барвақттар хондан мумкин аст, то ки қазо нашавад? Масалан, имрўз соати 16:30 дарс дорам ва то соати 20:00 давом мекунад. Чӣ бояд кард, то аз савоб ва раҳмати Худо маҳрум нашавам?

Савол:

Ассалому алайкум. Ҳангоми зарурат намозро барвақттар хондан мумкин аст, то ки қазо нашавад? Масалан, имрўз соати 16:30 дарс дорам ва то соати 20:00 давом мекунад. Чӣ бояд кард, то аз савоб ва раҳмати Худо маҳрум нашавам?  

Саволдиҳанда: Сино

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, гузоридани намоз дар вақташ фарз аст, зеро Худованд мефармояд: “Ба дурустӣ ки намоз бар мўъминон фарзи вақти муайянкардашуда аст”.(Сураи “Нисо”, ояти 103). Аз ин рў, пеш аз даромадани вақт гузоридани намоз дуруст нест. Шумо саъй кунед, ки ҳар намозро дар вақти муайяни он гузоред, агар имкон пайдо нашуд, албатта қазои онро ба ҷо оваред.

2018-08-31
3633
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:01
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:20
Хуфтан20:51