Савол № 01939

Маънои номи Ситора чист ва ин ном ба дини Ислом рост меояд?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Маънои номи Ситора чист ва ин ном ба дини Ислом рост меояд? Худо аз Шумо розӣ бошад.

Саволдиҳанда: Файзалӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, калимаи “ситора” дар луғат ба маъноҳои ахтару кавкаб, парда ва чодир меояд. Дар фарҳанги номгузорӣ ин вожа ҳамчун номи занона пазируфта шуда ва маънои он саҳеҳ аст. Аз ин рў, гузоштани ин ном аз нигоҳи Ислом дуруст аст ва ҳеҷ ишколе надорад.

2018-11-09
4000
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54