Савол № 01956

Банда донишҷў ҳастам ва дар Русия таҳсили илм мекунам. Дар як масъалаи фиқҳӣ бо мушкил дучор шудаам ва боиси шубҳаи ман шудааст. Желатин (моддае, ки аз устухон ва пўсти ҳайвон тайёр карда мешавад), ки дар кишварҳои ғайри ...

Савол:

Ассалому алайкум. Банда донишҷў ҳастам ва дар Русия таҳсили илм мекунам. Дар як масъалаи фиқҳӣ бо мушкил дучор шудаам ва боиси шубҳаи ман шудааст. Желатин (моддае, ки аз устухон ва пўсти ҳайвон тайёр карда мешавад), ки дар кишварҳои ѓайри исломӣ истеҳсол шуда, дар саноати дорусозӣ ва истеҳсоли собун истифода мегардад ва дар натиҷаи реаксияи химиявӣ ба моддаи дигар табдил ёфта, мазза ва рангу бўи худро гум мекунад, чӣ ҳукм дорад? Истеъмоли маҳсулоте, ки дар таркибашон ба миқдори 0.5 % то 2 % спирт доранд, ҷоиз аст ё на? Худованд ёру мададгоратон бод.

Саволдиҳанда: Шуҳрат

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳар он чизе, ки ҳақиқати он бадал шавад, ҳукмаш низ бадал мешавад, яъне истифодаи чунин ашё ҷоиз мебошад. Истеъмоли давоҳое, ки дар таркибашон спирт доранд, назди Имоми Аъзам (р) ва Имом Абўюсуф (р) дуруст аст, модоме ки ба ҳадди масткунанда нарасад. (“Раддул-муҳтор”, ҷ. 1, с. 21)

2018-12-12
4345
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55