Савол № 01972

Агар шахсе ба дини Ислом имон надошта бошад ва суол диҳад, ки (паноҳ ба Худо) Худо аз чӣ чиз сохта шудааст, дар ин ҳолат ба ў чӣ посухе бояд дод?

Савол:

Агар шахсе ба дини Ислом имон надошта бошад ва суол диҳад, ки (паноҳ ба Худо) Худо аз чӣ чиз сохта шудааст, дар ин ҳолат ба ў чӣ посухе бояд дод?

Саволдиҳанда: Дилшод

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, Худованд ягона аст ва мислу монанд надорад, ҳеҷ офаридае ба Ў монанд нест ва на Ў ба ягон офаридааш монандӣ дорад. Ҳатто ҳар хаёлу ваҳме, ки дар фикру тасаввури инсон мегузарад, Худованд ғайри он аст. Аз ин рў, нисбат додани шаклу сурат ва таркиб барои Худованд муҳол ва номумкин аст. Таркибу шаклу сурат хоссаи махлуқот ва офардидаҳост. Худованд офаринандаи ҳамаи мавҷудот аст ва дар бораи худ чунин мефармояд: Чизе монанди Ў нест; ва Ў Шунавои Бино аст. (Сураи “Шўро”, ояти 11)

2018-12-21
4567
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53