Савол № 01974

Пойам дар ҳолати гипс қарор дорад, духтурон гуфтанд, ки барои компресси он аз шароб истифода кунам. Оё истифодаи шароб дар ин ҳолат дуруст аст? Дар ҳолати гипс чигуна бояд таҳорат кунам, то ки аз намоз намонам?

Савол:

Ассалому алайкум. Пойам дар ҳолати гипс қарор дорад, духтурон гуфтанд, ки барои компресси он аз шароб истифода кунам. Оё истифодаи шароб дар ин ҳолат дуруст аст? Дар ҳолати гипс чигуна бояд таҳорат кунам, то ки аз намоз намонам?

Саволдиҳанда: Саъдулло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, истифодаи ашёи ҳаром дар табобат ба шарте дуруст аст, ки ғайр аз он давои дигаре мавҷуд набошад ва табиби ҳозиқи мусулмон ба он тавсия диҳад. Аз ин рў, шумо на аз шароб, балки аз маҳлули спиртӣ истифода кунед. Дар вақти таҳорат аъзои вузўро шуста, ба болои гипс масҳ кашед ва намоз гузоред.

2018-12-21
3531
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47