Савол № 01997

Як рафиқам бо ҳамсараш ҷанҷол мекунад. Ҳамсараш мегўяд, ки “ҷавобамро деҳ”, ў мегўяд, ки “ҷавобатро додам”. Пас аз як ҳафта мехоҳанд никоҳ кунанд, мулло мегўяд, ки “рав аз пешонии занат бўса куну зиндагӣ кун”. Тўли як сол аст, ки онҳо зиндагӣ доранд. Рафиқам мегўяд, ки дар дилам як сиёҳие ҳаст. Оё зиндагии онҳо дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Як рафиқам бо ҳамсараш ҷанҷол мекунад. Ҳамсараш мегўяд, ки “ҷавобамро деҳ”, ў мегўяд, ки “ҷавобатро додам”. Пас аз як ҳафта мехоҳанд никоҳ кунанд, мулло мегўяд, ки “рав аз пешонии занат бўса куну зиндагӣ кун”. Тўли як сол аст, ки онҳо зиндагӣ доранд. Рафиқам мегўяд, ки дар дилам як сиёҳие ҳаст. Оё зиндагии онҳо дуруст аст?

Саволдиҳанда: Наҷибулло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, масоили хонаводагӣ асрори зиёде дорад, барои посухи дуруст додан ба ин масъала шунидани тафсилоти моҷаро аз забони худи он рафиқ лозим аст. Агар он бародар имконият дошта бошад, ба Раёсати фатво муроҷиат кунад, посухи масъала равшан хоҳад шуд.

2019-01-15
3294
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:01
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:20
Хуфтан20:51