Савол № 02026

Баъд аз хоб бедор шудан дар ҷойи пешоббаро каме мазӣ дида мешавад, вале дар либос тарӣ нест. Ин ҳолат ҳар рўз ба амал меояд. Оё дар ин сурат ғусл кардан лозим аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Баъд аз хоб бедор шудан дар ҷойи пешоббаро каме мазӣ дида мешавад, вале дар либос тарӣ нест. Ин ҳолат ҳар рўз ба амал меояд. Оё дар ин сурат ғусл кардан лозим аст?

Саволдиҳанда: Иброҳим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тибқи назари Имом Абўҳанифа (р) ва Имом Муҳаммад (р) шахсе баъд аз бедор шудан манӣ ё мазиро мебинад, бар ў ғусл воҷиб мешавад. Вале аз назари Имом Абўюсуф (р) дар ҳолати дидани тарӣ то вақте ки шахс ба манӣ будани он яқин накунад, ғусл бар вай воҷиб намешавад. Аз ин рў, агар шумо яқин дошта бошед, ки он тарӣ мазӣ аст ё бар асари беморие ин ҳолат бароятон пеш меояд, метавонед вузў кунед ва намозатонро гузоред.

2019-03-06
2795
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52