Савол № 02032

Агар меъёри нисоби закот аз ҳисоби арзиши тилло гирифта шавад, пас мувофиқи маълумоти БМТ арзиши миёнаи 1 гр тилло тахминан зиёда аз 400 сомонӣ буда, дар ин ҳолат нисоби закот 34000 сомонӣ мешавад. Лекин ҳар сол нисоби закотро тахминан аз 20 ҳазор то 25000 сомонӣ иттилоъ медиҳанд. Сабаби ин фарқият чист?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар меъёри нисоби закот аз ҳисоби арзиши тилло гирифта шавад, пас мувофиқи маълумоти БМТ арзиши миёнаи 1 гр тилло тахминан зиёда аз 400 сомонӣ буда, дар ин ҳолат нисоби закот 34000 сомонӣ мешавад. Лекин ҳар сол нисоби закотро тахминан аз 20 ҳазор то 25000 сомонӣ иттилоъ медиҳанд. Сабаби ин фарқият чист?

Саволдиҳанда: Камолиддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳар сол дар арафаи моҳи Рамазон Раёсати фатво пас аз гирифтани маълумот дар бораи арзиши хариду фурўши тилло дар бозорҳои кишвар ва таҳқиқу баррасии он меъёри нисоби закотро муайян мекунад. Дар таъйини миқдори нисоб ба ҳисоби сомонӣ арзиши миёнаи тилло дар бозорҳо ба назар гирифта мешавад.

2019-03-11
3278
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53