Савол № 02039

Дар куҷо хондани суннатҳои намозҳои панҷвақта бештар фазилат дорад, яъне дар хона ё дар масҷид?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Дар куҷо хондани суннатҳои намозҳои панҷвақта бештар фазилат дорад, яъне дар хона ё дар масҷид?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, фарқ надорад, ки суннатро дар хона  мегузорад ё дар масҷид, вале  гоҳ-гоҳе дар хона гузорад, хусусан суннати намози бомдодро, зеро Расули Худо (с) фармудаанд, ки хонаҳоятонро ба қабристон монанд накунед.

2019-04-03
2759
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53