Савол № 02058

Намози қазоиро чигуна мехонанд? Пеш аз хондани ҳар як намози қазоӣ азону иқомат додан ва пас аз адои он гуфтан тасбеҳот шарт аст? Дар кадом вақт хондани намози қазоӣ мумкин нест?

Савол:

Ассалому алайкум. Намози қазоиро чигуна мехонанд? Пеш аз хондани ҳар як намози қазоӣ азону иқомат додан ва пас аз адои он гуфтан тасбеҳот шарт аст? Дар кадом вақт хондани намози қазоӣ мумкин нест?

Саволдиҳанда: Абдулғаффор

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намози қазоӣ мисли намози вақтӣ хонда мешавад. Агар чанд чанд намоз қазо шуда бошад, дар ҳар яки он азону иқомат додан шарт нест, балки дар аввали онҳо азону иқомат мегўяд ва дар намозҳои боқимонда фақат иқомат гуфтан кофӣ аст. Пас аз адои намози қазоӣ гуфтани тасбеҳот шарт нест, вале агар гўяд, хуб аст ва савоб мегирад. Хондани намози қазоӣ дар ҳама вақт дуруст аст, ба ҷуз се вақт: вақти тулўъи офтоб, вақти рост шудани офтоб дар осмон ва дар вақти ғуруби он.

2019-04-09
3850
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:14
Пешин12:40
Аср17:14
Шом19:13
Хуфтан20:44