Савол № 00209

Муҳаррамоти эҳром кадомҳоянд?

Савол:

Муҳаррамоти  эҳром кадомҳоянд?

Ҷавоб:

Муҳаррамот он чизҳое аст, ки барои шахси эҳромбаста ҳароманд ва аз инҳо иборатанд:

Ҳамхоба шудан бо ҳамсар ва амалҳои ангезандаи он ба мисли бӯса кардан,оғӯш гирифтан ва мисос намудан.

Иртикоби гуноҳ ба мисли ғайбат, дурӯғ, туҳмат ва монанди инҳо, ки аз ҷумлаи гуноҳони кабираанд ва дар ғайри ҳаҷ низ ҳаром мебошанд.

Ҷидол ва низоъ. Ин амал низ дар ҳаҷ ҳаром аст, вале мутаассифона баъзе ҳоҷиён бо сабаби ночизе бо ҳамдигар ҷангу ҷидол мекунанд.

Аз байн бурдани мӯйи бадан, хоҳ бо тарошидан бошад ё кандан, хоҳ мӯйи сар бошад ё риш ё ҷойи дигари бадан.

Гирифтани нохун ба ҳар шакле бошад.

Пӯшидани либоси дӯхташуда ё омодашуда барои пӯшидан, мисли дастор, кӯлоҳ, тоқӣ, кафш ва амсоли инҳо барои мардон.

Пӯшондани сар барои мардон.

Пӯшондани рӯй барои марду зан.

Истеъмоли хушбӯӣ ва ҳатто молидани равғани хушбӯ ба сар ва риш низ манъ аст.

Шикори ҳайвоноти хушкӣ, хоҳ худ шикор кунад ва ё касеро ба он роҳнамоӣ намояд, вале шикори ҳайвоноти дарё ва баҳр манъ нест.

Куштани ҳашароти либоси бадан.

Истеъмоли ҳино ва ранги мӯй, агарчи хушбӯ ҳам набошад.

Қатъ кардан, шикастан ва ё аз байн бурдани дарахтон ва гиёҳони худрӯи Ҳарам.

2015-09-11
5530
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54