Савол № 02143

Ассалому алайкум домуллои азиз. 1. Дар намози бомдод аз як ракъати фарз дер мондам, идомаи намозро чигуна бояд гузорам ва намози суннатро дар кадом вақт адо кунам? 2. Тарзи нияти намози таровеҳ чигуна аст?...

Савол:

Саволдиҳанда: Анис

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, пас аз саломи имом шумо такбир гуфта бармехезед ва “Субҳонакаллоҳумма”, сураи “Фотиҳа” ва як сураи дигар хонда менишиндед ва пас аз хондани “Аттаҳийёт” ва дуруду дуо салом медиҳед. Агар намози суннатро нагузорида бошед, пас аз тулуъ ва баланд шудани офтоб қазои онро ба ҷо меоред. 2. Нияти намози таровеҳ чунин аст: “Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар”. 

2019-05-27
2793
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52