Савол № 02152

Оё берун омадани балғам таҳорат ва фурў рафтани он рўзаро мешиканад? Қай кардан дар ҳолати рўза чӣ ҳукм дорад?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё берун омадани балғам таҳорат ва фурў рафтани он рўзаро мешиканад? Қай кардан дар ҳолати рўза чӣ ҳукм дорад?

Саволдиҳанда: Мирзо

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хориҷ шудани балғам ё фурў рафтани он ба таҳорат ва рўза зарар надорад. Агар қай бар инсон ғолиб ояд ва онро нигоҳ дошта натавонад, рўзаро намешиканад, агарчи бо пурии даҳон бошад. Аммо агар ба ихтиёри худаш қай кунад, рўзааш мешиканад.

2019-06-01
2631
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52