Савол № 02158

Агар шахсе соҳиби се хона бошад, дар яке зиндагӣ кунаду дуюмро ба иҷора диҳад, вале хонаи сеюмаш холӣ бошад, аз кадоми ин хонаҳо закот бояд диҳад? Дар пардохти закот арзиши замони хариди хона ба назар гирифта мешавад ё вақти ҳозира?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Агар шахсе соҳиби се хона бошад, дар яке зиндагӣ кунаду дуюмро ба иҷора диҳад, вале хонаи сеюмаш холӣ бошад, аз кадоми ин хонаҳо закот бояд диҳад? Дар пардохти закот арзиши замони хариди хона ба назар гирифта мешавад ё вақти ҳозира?

Саволдиҳанда: Бахтовар

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар маскан ва хонае, ки шахс дар он зиндагӣ мекунад, закот воҷиб намешавад. Аммо дар хонае, ки онро ба иҷора дода ва ё холӣ гузоштааст, вақте закот воҷиб мешавад, ки соҳибаш дар он нияти тиҷорат карда ва як сол аз он сипарӣ шавад, дар ин ҳолат арзиши рўзи пардохт ба назар гирифта мешавад.

2019-06-01
3041
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25