Савол № 02159

Намози таровеҳ фарз аст ё суннат?

Савол:

Ассалому алайкум. Намози таровеҳ фарз аст ё суннат?

Саволдиҳанда: Мирзо

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намози таровеҳ суннати муаккадаи айн аст, яъне бар ҳар як марду зан гузоридани он суннати таъкидшуда аст. Аммо бо ҷамоат гузоридани он суннати кифоя аст, яъне агар як гурўҳ онро бо ҷамоат адо кунанд, суннати ҷамоат ба ҷо меояд ва дигарон метавонанд онро танҳо-танҳо гузоранд. Ёдовар бояд шуд, ки намози таровеҳ 20 ракъат аст, аммо 8 ракъат гузоридани онро уламои муътабари аҳли суннат қабул надоранд.

2019-06-01
3366
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:10
Пешин12:40
Аср17:17
Шом19:15
Хуфтан20:46