Савол № 02176

Дар бораи вақти намози аср ду ақида вуҷуд дорад. Дар мазҳаби ҳанафӣ оғози намози аср аз ҳамон лаҳзае оғоз мешавад, ки сояи ягон объект нисбати худаш ду баробар дарозтар шавад...

Савол:

Ассалому алайкум. Дар бораи вақти намози аср ду ақида вуҷуд дорад. Дар мазҳаби ҳанафӣ оғози намози аср аз ҳамон лаҳзае оғоз мешавад, ки сояи ягон объект нисбати худаш ду баробар дарозтар шавад, вале дар се мазҳаби дигар вақти намози аср аз лаҳзае шуруъ мешавад, ки сояи ягон объект баробари ҳамон объект шавад. Мехостам донам, ки дар мазҳаби мо аз рўи кадом ҳадис ё кадом ояти Қуръон амал мекунем. Ташакури зиёд ба Шумо, ки чунин сомона кушодаед.

Саволдиҳанда: Меъроҷиддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ин ҳар ду ривоят дар мазҳаби ҳанафӣ вуҷуд дорад, ривояти аввал назари Имоми Аъзам (р) аст ва ривояти дуюм назари шогирдонаш Абўюсуф (р) ва Муҳаммад (р), инчунин дигар фақеҳони мазоҳиб. Далели Имоми Аъзам (р) дар ин маврид ин ҳадис аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Намози пешинро дар ҳолати паст шудани шиддати гармо гузоред, зеро шиддати гармо аз алангаи оташи дўзах аст”. (Ривояти соҳибони китобҳои шашгона) Дар сарзамини Арабистон сахттарин дараҷаи гармо ҳамон вақте аст, ки сояи ҳар чизе ба андозаи худи он баробар шавад, аз ин рў, дар ҳадиси мазкур ба таъхир гузоридани намоз амр шудааст. Ба ҳар ҳол, дар мазҳаби ҳанафӣ ба ҳар ду ривоят амал кардан ҷоиз аст.

2019-06-03
2385
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25