Савол № 02182

Имшаб хостам соати 02:40 барои саҳархўрӣ бархезам, аммо дар соати чор бедор шудам. Ба сабаби он ки чизе нахўрда будам ва тоқат намекардам, рўзаи имрўзаро хўрдам. Дар ин ҳолат чӣ бояд кунам?

Савол:

Ассалому алайкум. Имшаб хостам соати 02:40 барои саҳархўрӣ бархезам, аммо дар соати чор бедор шудам. Ба сабаби он ки чизе нахўрда будам ва тоқат намекардам, рўзаи имрўзаро хўрдам. Дар ин ҳолат чӣ бояд кунам?

Саволдиҳанда: Абўтолиб

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шумо бидуни нияти рўза хўрда бошед, фақат рўзаи ҳамон рўзро қазо медореду бас. Аммо агар пас аз рўзаро ният кардан хўрда бошед, ҳам қазо медоред ва ҳам каффорат, яъне як рўз барои қазо ва шаст рўз барои каффорат рўза медоред.

2019-06-03
2692
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25