Савол № 02261

Оё Пайғомбарамон (с) оиди ватандўстдорӣ чизе гуфта буданд? Аз чандин кас шунидам, ки дар “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ё Муслим чунин ҳадисе оварда шудааст, ки “Дўст доштани ватан аз гўшаи имон аст”. Ҷавобашро бо санадаш таъҷилан интизорам.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё Пайғомбарамон (с) оиди ватандўстдорӣ чизе гуфта буданд? Аз чандин кас шунидам, ки дар “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ё Муслим чунин ҳадисе оварда шудааст, ки “Дўст доштани ватан аз гўшаи имон аст”. Ҷавобашро бо санадаш таъҷилан интизорам.

Саволдиҳанда: Далер

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз Расули Худо (с) дар бораи дўст доштани ватан чанд ҳадисе ворид шудааст. Аз ҷумла, аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули акрам с) дар васфи Макка фармуданд: «Чӣ шаҳри покиза ва дўстдошта барои ман ҳастӣ, агар қавмам маро аз ту хориҷ намекарданд, ҷуз ту дар шаҳри дигаре сукунат намекардам». (Ривояти Тирмизӣ). Инчунин аз Абўҳумайд (р) ривоят аст, ки гуфт: «Ҳамроҳи Расули акрам (с) аз ғазваи Табук баргаштем ва чун ба Мадина наздик шудем, он Ҳазрат (с) фармуданд: «Ин Тоба аст ва ин Уҳуд аст, кўҳе, ки моро дўст медорад ва мо ҳам дўсташ медорем». (Ривояти Бухорӣ). Ҷумлаи “Дўст доштани ватан аз гўшаи имон аст” дар “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ва Муслим вуҷуд надорад, баъзеҳо онро ҳадис, гурўҳи дигар хабар ё қавл медонанд. Аммо ҳамаи уламо дар воҷиб будани дўст доштани ватан иттифоқ доранд. 

2019-12-13
2529
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48