Савол № 02268

Ман дар Русия кор мекунам ва ба хона 40 ҳазор сомонӣ мефиристам. Аҳли хонавода ин пулҳоро барои сохтани хонаву хариди мошин сарф мекунанд. Аз ин пул закот додан лозим ё на? Ба нисоб расидани он чист?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман дар Русия кор мекунам ва ба хона 40 ҳазор сомонӣ мефиристам. Аҳли хонавода ин пулҳоро барои сохтани хонаву хариди мошин сарф мекунанд. Аз ин пул закот додан лозим ё на? Ба нисоб расидани он чист?

Саволдиҳанда: Фарҳод 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, нисоб миқдори муайяни мол ё пул аст, ки шариат дар он пардохти закотро фарз кардааст. Тибқи қарори Шўрои уламо нисоби закот 20000 сомонӣ аст, ки аз он 500 сомонӣ закот дода мешавад. Бинобар ин, дар маблағи фиристодаи шумо закот воҷиб мешавад, агар аз вақти соҳиб шудан ба ин маблағ як соли қамарӣ (354 рўз) гузашта бошад. Агар дар давоми сол қабл аз комил шудани он як қисми ин маблағро дар сохтани хона ё хариди мошин харҷ карда бошед, дар ин сурат закоти ҳиссаи харҷкардаатон соқит шуда, дар боқимондаи он закот лозим мешавад, ба шарте ки аз миқдори 20000 сомонӣ кам нашавад.  

2020-01-25
3141
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54