Савол № 02310

Ман дар ноҳияи Балҷувон зиндагӣ мекунам. Ду рўз дар хона ҳастам ва панҷ рўз дар шаҳри Душанбе кор мекунам. Масофаи байни Душанбе ва Балҷувон 146 км аст. Дар ин ҳолат намозро пурра гузорам ё қаср хонам?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман дар ноҳияи Балҷувон зиндагӣ мекунам. Ду рўз дар хона ҳастам ва панҷ рўз дар шаҳри Душанбе кор мекунам. Масофаи байни Душанбе ва Балҷувон 146 км аст. Дар ин ҳолат намозро пурра гузорам ё қаср хонам?

Саволдиҳанда: Баҳром

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шахси мусофир ният кунад, ки дар шаҳре ба муддати 15 рўз иқомат кунад, дигар ҳукми мусофириро надорад ва намозҳояшро комил адо менамояд. Аммо дар ҳолати камтар аз 15 рўз истодан дар он шаҳр  намозро қаср мегузорад. Аз сабаби он ки шумо дар шаҳри Душанбе фақат панҷ рўз мемонед, намозро қаср мехонед. Дар аснои сафар низ намозро қаср мекунед, зеро масофа зиёда аз 120 км аст. Аммо дар ватан намозро комил адо мекунед.

2020-04-15
2013
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:10
Пешин12:40
Аср17:17
Шом19:15
Хуфтан20:46