Савол № 02329

Ман дар шаҳри Маскав ба ҳайси коргари роҳҳо фаъолият мекунам. Аз ин кўча то ба кўчаи дигар аз 40 дақиқа то 1 ё 2 соат роҳ меравем. Дар вақти кор имкони хондани намоз нест, зеро барои манъ кардани мошин ва дар кўча хондан иҷозат намедиҳанд. Оё мумкин аст, ки таяммум карда намозро дар дохили мошин гузорам?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ домуллои азиз. Ман дар шаҳри Маскав ба ҳайси коргари роҳҳо фаъолият мекунам. Аз ин кўча то ба кўчаи дигар аз 40 дақиқа то 1 ё 2 соат роҳ меравем. Дар вақти кор имкони хондани намоз нест, зеро барои манъ кардани мошин ва дар кўча хондан иҷозат намедиҳанд. Оё мумкин аст, ки таяммум карда намозро дар дохили мошин гузорам?

Саволдиҳанда: Муҳаммадалӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, таяммум дар ҳолате равост, ки масофаи байни макони об ва намозгузор тақрибан 2 км бошад. Аз ин рў, шумо қаблан таҳорат карда барои гузоридани намоз омода шавед ва дар вақти истироҳати нисфирўзӣ намозро пурра гузоред. Агар бинед, ки намоз қазо мешавад, дар мошин бо ишора намоз гузоред.

2020-04-17
2067
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:01
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:20
Хуфтан20:51