Савол № 02345

Дар баъзе фарҳангҳо калимаи “осим” ба маънои гунаҳгор ва дар баъзе дигар ба маънои нигоҳдоранда аз гуноҳу лағжиш омадааст. Оё номи Муҳаммадосим дуруст аст? Оё намози истихора ягон вақти муайян дорад ё ки дар ҳар вақте гузоридани он дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Дар баъзе фарҳангҳо калимаи “осим” ба маънои гунаҳгор ва дар баъзе дигар ба маънои нигоҳдоранда аз гуноҳу лағжиш омадааст. Оё номи Муҳаммадосим дуруст аст? 2. Оё намози истихора ягон вақти муайян дорад ё ки дар ҳар вақте гузоридани он дуруст аст?

Саволдиҳанда: Муҳаммадосим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар таркиби номи шумо калимаи “осим” ба маънои нигоҳдоранда омадааст, на ба маънои гунаҳгор, бинобар ин, номи Муҳаммадосим дуруст аст. 2. Гузоридани намози истихора дар ҳар вақте дуруст аст, ба ҷуз се вақт: ҳангоми тулуъи офтоб, вақти истиво (рост шудани офтоб дар байни осмон), ҳангоми ғуруби офтоб.

2020-04-22
2235
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25