Савол № 02382

Нутфа чанд намуд мешавад ва дар ҳамаи он ғусл воҷиб аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Нутфа чанд намуд мешавад ва дар ҳамаи он ғусл воҷиб аст?

Саволдиҳанда: Банда

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, обе, ки аз андоми ниҳонии мард ё зан берун меояд: се қисм аст: мазӣ, вадӣ ва манӣ. Мазӣ обест, ки ҳангоми шўхӣ ва оғўш гирифтани зан берун меояд. Ин навъ вузўро мешиканад, вале ғусро воҷиб намегардонад. Вадӣ обест, ки пас аз пешоб аз ҷиҳати сустии асабҳо берун меояд. Ин ҳам фақат вузўро мешиканад, аммо ғусл ба он воҷиб намешавад. Манӣ ҳамон нутфа аст, ки дар вақти ҳамбистарӣ бо зан ва ё нигоҳи бо шаҳват бо фишору лаззат берун меояд. Хуруҷи манӣ ғуслро воҷиб мегардонад.

2020-05-19
2923
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48