Савол № 02400

Намози таровеҳ чанд ракъат аст ва чӣ тавр гузорида мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Намози таровеҳ чанд ракъат аст ва чӣ тавр гузорида мешавад?

Саволдиҳанда: Шодмеҳр

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намози таровеҳ дар шабҳои Рамазон яке аз суннатҳои Пайғамбар (с) мебошад. Имом пас аз гузоридани намози хуфтан барои мардум бист ракъат намоз мегузорад ва дар ҳар ду ракъат намоз салом медиҳад. Имом баъд аз ҳар чаҳор ракъат, ки «тарвиҳа» номида мешавад, ба ҳамон андоза менишинад, ки мардум роҳат кунанд. Гузоридани намози таровеҳ барои марду зан суннат аст. Равиши гузоридани намози таровеҳ айнан монанди намози суннати бомдод аст, бо ин тафовут, ки муқтадӣ ба қироати имом гўш медиҳад. Дар вақти истироҳат «тасбеҳи таровеҳ» хонда мешавад.  Хондани намози таровеҳ пеш аз намози витр ё пас аз он ҷоиз аст. Нияти намози таровеҳ чунин аст: «Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар».

2020-05-19
2360
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:01
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:20
Хуфтан20:51