Савол № 02401

Хатми Қуръонро, ки худам хондам, ба модарам, ки зинда ҳастанд, бахшиданам дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Хатми Қуръонро, ки худам хондам, ба модарам, ки зинда ҳастанд, бахшиданам дуруст аст?

Саволдиҳанда: Мурод

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Бародари азиз, тибқи ақидаи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат савоби ибодат, аз ҷумла савоби хатми Қуръонро ба ҳар касе, ки бахшед, дуруст аст, хоҳ зинда бошад, хоҳ мурда. Агар мурда бошанд, “ба арвоҳи онҳо” ва агар зинда бошанд, “савоби ин ибодатро ба онҳо бахшидам” мегўед.

2020-05-19
2297
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52