Савол № 02412

Маънои номи Шервон чист? Оё гузоштани ин ном ҷоиз аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Маънои номи Шервон чист? Оё гузоштани ин ном ҷоиз аст?

Саволдиҳанда: Шервон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, номи Шервон аз ду ҷузъ иборат аст: “шер” ба маънои ҳайвони дарранда ва “вон” ба маънои мислу монанд. Яъне маънои ин ном монанди шерро ифода мекунад ва гузоштани он ҷоиз аст.

2020-05-21
2006
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24