Савол № 02422

Маънои номи Дилноза чист?

Савол:

Ассалому алайкум. Маънои номи Дилноза чист?

Саволдиҳанда: Дилноза

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, номи Дилноза аз ду калимаи “дил” ва “ноз” ва пасванди “а”, ки дар охири баъзе исмҳо барои ифодаи ташбеҳ ё нисбат ва ё зиёдат меояд, таркиб ёфтааст. “Дил” маҷозан ба маънои ёр ва маҳбуба, “ноз” ба маъноҳои болидан, ишваю карашма доштан, истиғно ҷустан ва инчунин ба маънои дарахти сарв меояд. Яъне маҳбубае, ки чун сарв зебо аст ё ишваю карашма дорад ва аз ёри худ истиғно ва бениёзӣ меҷўяд. Мумкин аст, ки ин ном шакли мухаффаф (тахфифшуда)-и “дилнавоз” бошад, ки ҳамчун сифат барои васфи ёр ва маҳбуба ба кор меравад, чунонки мегўянд, “ёри дилнавоз”, яъне навозишкор ва меҳрубон. Сипас ба шакли “дилноз” даромада, бо илова шудани пасванди “а” ба охири он ҳамчун исми хосси занона мавриди истеъмол қарор гирифтааст.

2020-05-22
4649
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24