Савол № 02443

Дандонҳоям бемор аст ва дар ҳолати рўза ҳангоме ки аз хоб бармехезам, даҳонам олудаи хун мешавад. Оё ин сабаби шикастани рўзаи ман мешавад?Насаби худро ба ҳамсари худ додан ё номашро иваз карда, номи мувофиқ гузоштан ягон ишколе дорад?

Савол:

Ассалому алайкум. Дандонҳоям бемор аст ва дар ҳолати рўза ҳангоме ки аз хоб бармехезам, даҳонам олудаи хун мешавад. Оё ин сабаби шикастани рўзаи ман мешавад? 2. Насаби худро ба ҳамсари худ додан ё номашро иваз карда, номи мувофиқ гузоштан ягон ишколе дорад? 

Саволдиҳанда:Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, ҷорӣ шудан хун аз дандон таҳоратро мешиканад, вале ба рўза халале ворид намесозад, ба шарте ки ба ҳалқ фурў наравад. 2. Аз нигоҳи шаръӣ тағйир додани насаби ҳамсар раво нест, зеро ў фарзанди падари худаш аст ва шумо фарзанди падари худатон, вале иваз кардани номи ҳамсаратон дар сурате ки номуносиб ва ё маънои нодуруст дошта бошад, ишколе надорад.

2020-05-28
2183
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48