Савол № 02448

Бо телефон никоҳ дуруст мешавад ё на? Пас аз ин никоҳ агар талоқ диҳад, талоқ ҳисоб мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Бо телефон никоҳ дуруст мешавад ё на? Пас аз ин никоҳ агар талоқ диҳад, талоқ ҳисоб мешавад?

Саволдиҳанда: Алӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ақди никоҳ тавассути телефон ҷоиз нест, зеро дар маросими никоҳ шарт аст, ки арўсу ҷавон бо шоҳидон дар як маҷлис ва як макон ҳузур дошта бошанд ва суханони якдигарро мустақиман ё ба воситаи вакил шунаванд. Бинобар ин, талоқ додан пас аз чунин никоҳ низ эътибор надорад.

2020-06-02
2941
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47