Савол № 02469

Агар либос аз арақи бадан ё шири пистон тар шавад, дар ин сурат либос бенамоз мешавад ё таҳорат мешиканад?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар либос аз арақи бадан ё шири пистон тар шавад, дар ин сурат либос бенамоз мешавад ё таҳорат мешиканад?

Саволдиҳанда: Сафаралӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, арақи бадан ё шири пистон либосро бенамоз намекунад ва таҳоратро ҳам намешиканад. Агар аз арақи бадан ё шири пистон дар либос бўи нохуш пайдо шуда бошад, он либосро иваз кунад, зеро тозагӣ ва назофат хислати мўъмин аст.

2021-02-21
2308
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48