Савол № 02500

Бисёр дуоҳое ҳаст, ки бояд пас аз намози бомдод хонда шаванд. Оё ин дуоҳо вақти муайян доранд ё ки то намози пешин хондани онҳо мумкин аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Бисёр дуоҳое ҳаст, ки бояд пас аз намози бомдод хонда шаванд. Оё ин дуоҳо вақти муайян доранд ё ки то намози пешин хондани онҳо мумкин аст?

Саволдиҳанда: Парвиз

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, теъдоде аз дуоҳо ва зикрҳои маъсура вақти муайян доранд ва мутобиқи суннат дар ҳамон лаҳза ва соати муайяни худ хонда шаванд. Масалан, зикрҳои пагоҳӣ пас аз намози бомдод ва зикрҳои бегоҳӣ пас аз намози аср ё шом хонда мешаванд. Албатта агар касе ба сабабе зикру дуоҳои пагоҳиро дар вақташ хонда натавонист, метавонад онро пас аз тулуъи офтоб то намози аср бихонад. Худованд дар каломи худ мефармояд: Ва Ў Он [Худой] аст, ки шабу рўзро барои касе, ки панд гирифтан хоҳад, ё шукргузорӣ кардан хоҳад – ҷонишини якдигар сохт”. (Сураи Фурқон, ояти 62)

Дар тафсири ин оят гуфта шудааст, ки Ҳақ таъоло шабу рўзро барои таъйини вақтҳои ибодат пайомади якдигар қарор додааст, пас касе, ки дар шаб амале аз ў фавт шавад, онро дар рўз ҷуброн мекунад ва касе, ки дар рўз амале аз ў фавт шавад, онро дар шаб ҷуброн мекунад. Албатта, теъдоди дигаре аз дуоҳо ва зикрҳои маъсура ҳам ҳаст, ки вақти маҳдуд надоранд ва ҳар замоне хондани онҳо дуруст аст, зеро фарди мусулмон бояд дар ҳар лаҳзаи умри хеш бо ёди Худо бошад.

2021-03-22
1875
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52