Савол № 02546

Оё Паёмбари Худо (с) дар шаби Меъроҷ Худовандро дидааст?

Савол:

Ассалому алайкум домулло. Оё Паёмбари Худо (с) дар шаби Меъроҷ Худовандро дидааст?

Саволдиҳанда: Акрам

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин масъала миёни уламо ихтилоф вуҷуд дорад, зеро ривоятҳое, ки дар ин боб ворид шудаанд, гуногун аст. Мувофиқи ривояти Ибни Аббос (р) Паёмбар (с) Худовандро дидааст, аммо ривояти Оиша (р) онро рад мекунад. Бинобар қавли роҷеҳ ҳазрати Пайғамбар (с) дар шаби Меъроҷ Худовандро бо чашмонаш надидааст, балки бо қалбаш дидааст, зеро Худованд на дар ин дунё, балки дар охират бо чашми сар дида мешавад.

2021-04-22
2926
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54