Савол № 02558

Дар фасли баҳор нафарони бисёре аллергия доранд. Дар ҳолати рўза истифода бурдани маводи дорувории “капли” ё “спрей”, ки дар бинӣ чаконда мешавад, рўзаро мешиканад? Агарчи ин дору ба гулў намеравад, вале бадан онро қабул мекунад.

Савол:

Ассалому алайкум. Дар фасли баҳор нафарони бисёре аллергия доранд. Дар ҳолати рўза истифода бурдани маводи дорувории “капли” ё “спрей”, ки дар бинӣ чаконда мешавад, рўзаро мешиканад? Агарчи ин дору ба гулў намеравад, вале бадан онро қабул мекунад.

Саволдиҳанда: Фаррух

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ҳолати пеш омадани зарурат агар дору пас аз чаконидан аз бинӣ ба ҳалқ ва меъда бирасад, рўзаро фосид мекунад, вале агар он ба андозае бошад, ки дар нармии бинӣ ҷабида шуда, ба ҳалқаш нарасад, дар ин сурат рўза фосид намешавад.

2021-04-29
1966
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54