Савол № 02568

Пули закот 22950 сомонӣ муайян шудааст, пас дар ҳолати зиёд будани пул чигуна бояд закот дод?

Савол:

Ассалому алайкум. Пули закот 22950 сомонӣ муайян шудааст, пас дар ҳолати зиёд будани пул чигуна бояд закот дод?

Саволдиҳанда:Комил

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо миқдори нисоби закотро ғалат фаҳмидаед, зеро он маблағе, ки шумо дар суоли худ зикр кардаед, нисоби закот дар соли 2017 буд. Мувофиқи қарори Шўрои уламо имсол нисоби закот ба 25000 сомонӣ баробар аст, ки аз он 625 сомонӣ пардохта мешавад. Агар маблағи шумо аз миқдори нисоб бештар бошад, дар ин ҳолат маҷмуъи онро ба адади 40 тақсим мекунед ва ҳосили тақсимро ҳамчун закот мепардозед. Масалан агар маблағи шумо ба 30000 сомонӣ баробар бошад, миқдори закоти он пас аз тақсим ба адади 40 ба 750 сомонӣ баробар мешавад, ки бояд онро пардохт кунед.

2021-05-06
2363
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:10
Пешин12:40
Аср17:17
Шом19:15
Хуфтан20:46