Савол № 02592

Оё сигор кашидан таҳоратро мешиканад?

Савол:

Оё сигор кашидан таҳоратро мешиканад?

Саволдиҳанда: Зуҳур

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар китобҳои фиқҳӣ оиди аз сигор шикастани таҳорат зикре ба миён наомадааст. Аммо асли масъала дар ин аст, ки ҳадафи асосӣ аз таҳорат ҳам пок кардани зоҳир ва ҳам пок намудани қалб аз олудагиҳо ва кудуратҳо мебошад. Пас шахсе, ки сигор истеъмол мекунад, маълум аст, ки на танҳо зоҳиру ботинашро олуда месозад, балки ба муҳит ва атрофиёни худ зарарҳои маънавӣ мерасонад. Бинобар ин афзалу беҳтар он аст, ки пас аз кашидани сигор таҷдиди вузў кунад. Бузурге мефармояд:

Чун биёрӣ таҳорати зоҳир,

Ботинат низ Ҳақ кунад тоҳир.

2021-07-29
3071
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54