Савол № 02607

Оё шавҳар метавонад ба занаш “туро оқ кардам” гўяд? Агар ин суханро гўяд, ҳукмаш чист?

Савол:

Оё шавҳар метавонад ба занаш “туро оқ кардам” гўяд? Агар ин суханро гўяд, ҳукмаш чист?

Саволдиҳанда:Моҳира

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ агар шавҳар ба ҳамсараш ба нияти талоқ ё дар ҳоли музокараи талоқ “туро оқ кардам” гўяд, як талоқи боин воқеъ мегардад. Агар бидуни ният ва ё дар ғайри ҳолати мазкур ин суханро гуфта бошад, дар ин сурат чизе воқеъ намешавад. Зиндагии байни зану шавҳар бояд бар асоси меҳру муҳаббат ва эътимод ба якдигар бошад. Шумо кўшиш кунед, ки бо ҳамдигар муносибат ва муоширати самимӣ дошта бошед, то ки ширину гуворо зиндагӣ кунед ва фарзандону аҳли оила ба шумо бо дидаи эҳтиром назар кунанд.

2021-11-24
1460
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48