Савол № 02612

Агар шахсе дар як ҳафта аз рўзи душанбе то ҷумъа дар масофаи роҳи Кўлобу Душанбе дур аз хона бошад, чигуна намоз мегузорад? Доир ба намози қаср маълумот медодед.

Савол:

Агар шахсе дар як ҳафта аз рўзи душанбе то ҷумъа дар масофаи роҳи Кўлобу Душанбе дур аз хона бошад, чигуна намоз мегузорад? Доир ба намози қаср маълумот медодед.

Саволдиҳанда:Амирҷон

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ масофа барои қаср хондани намоз се марҳала аст, ки ба ҳисоби имрўза 120 км мешавад. Шахси мусофир дар тамоми муддати сафари худ намозҳои чаҳорракъатиро қаср мекунад. Агар шахси мусофир дар шаҳр ва деҳае, ки меравад, ба муддати 15 рўз нияти иқомат кунад, дигар ҳукми мусофириро надорад ва намозҳояшро комил адо менамояд. Агар нияти иқомат накунад ва ба сабаби тамом нашудани кораш имрўз ё фардо гуфта моҳҳо ҳам бимонад, ҳукми мусофирро дорад. Агар мусофир ба ватани аслии худ баргардад, аз ҳукми мусофирӣ хориҷ мешавад ва намозҳояшро комил адо мекунад.

2021-12-02
1340
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48