Савол № 02689

Закотро дар кадом ҳолат мепардозанд? Дар ҳолате, ки маблағи муайяншударо ба ягон мақсад ҷамъ карда бошад ё дар ҳолате, ки маоши яксола ҳамин миқдор ё зиёдтар аз онро ташкид диҳад?

Савол:

Закотро дар кадом ҳолат мепардозанд? Дар ҳолате, ки маблағи муайяншударо ба ягон мақсад ҷамъ карда бошад ё дар ҳолате, ки маоши яксола ҳамин миқдор ё зиёдтар аз онро ташкид диҳад?

Ҷавоб:

Барои воҷиб шудани закот ба нисоб расидани маблағ шарт аст, фарқ надорад, ки молик онро ба ягон мақсад ҷамъ кардааст ё ки маоши яксолааш миқдори нисоб ё зиёда аз онро ташкил диҳад. Вақте шахсе молики нисоб гардида, як сол аз он сипарӣ шуд, вале он маблағро сарф накард ё аз миқдори нисоб кам нашуд, дар ин сурат бар ин шахс пардохти закот воҷиб мегардад.

2022-04-21
1444
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25