Савол № 02722

Агар намозро қабл аз даромадани вақти намози дигар бихонӣ, қазо ҳисоб мешавад? Масалан, намози пешин соати 13:00 ва намоз аср соати 17:30 бошад, дар соати 15:00 ё 16:00 намози пешинро бигузорем, қазо ҳисобида мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар намозро қабл аз даромадани вақти намози дигар бихонӣ, қазо ҳисоб мешавад? Масалан, намози пешин соати 13:00 ва намоз аср соати 17:30 бошад, дар соати 15:00 ё 16:00 намози пешинро бигузорем, қазо ҳисобида мешавад?

Саволдиҳанда:Неъматҷон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, соатҳое, ки дар ҷадвали вақтҳои намозҳои панҷгона нишон дода шудаанд, аввали вақти он намозро нишон медиҳанд, бинобар ин, то қабл аз даромадани вақти намози дигар гузоридани намози нахустин дуруст аст. Вале набояд дар гузоридани он бидуни зарурат таъхир кард.

2022-04-29
1886
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48