Савол № 02729

Оё намозгузор аз паси имом замми сура карда метавонад?

Савол:

Оё намозгузор аз паси имом замми сура карда метавонад?

Саволдиҳанда:Хаёлӣ

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) аз паси имом хондани сураи “Фотиҳа” ё дигар сураҳо барои муқтадӣ ҷоиз нест, хоҳ намози ҷаҳрӣ бошад ё намози хуфя. Балки муқтадӣ фақат сано (“Субҳонакаллоҳумма”) хонда, дар вақти қироати имом хомўш меистад, аммо дигар тасбеҳҳои рукуъу суҷуд, “Аттаҳийёт” ва салавоту дуоҳоро мехонад. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар касе имом дошта бошад, пас қироати имом барои ў низ қироат маҳсуб мешавад». (Ривояти Ибни Моҷа; “Мухтасарул-виқоя”, с. 15-17)

2022-04-29
1828
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24