Савол № 02731

Зан баъд аз таваллуди фарзанд то чанд муддат бояд намоз нагузорад? То чил рўз намоз нахондани ў ҳатмӣ аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Зан баъд аз таваллуди фарзанд то чанд муддат бояд намоз нагузорад? То чил рўз намоз нахондани ў ҳатмӣ аст?

Саволдиҳанда:Ислом

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, зан пас аз таваллуди фарзанди нахустин то чил рўз дар ҳолати нифос қарор мегирад, аз ин рў, дар ин муддат бояд аз намоз гузоридан худдорӣ кунад. Пас аз таваллуди фарзанди дуюму сеюм зан дар нифос одати муайян пайдо мекунад, масалан, бист ё сӣ рўз ё сию панҷ рўз нифос мебинаду бас. Дар ин ҳолат шарт нест, ки то чил рўз мунтазир шавад, балки пас аз тамом шудани рўзҳои одаташ дар нифос бояд ғусл карда намоз гузорад.

2022-06-15
1332
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53