Савол № 02737

Ман бисту чорсола ҳастам. Оиладорам, аммо ба сабаби беморие фарзанддор шуда наметавонам. Ду-се бор ҷарроҳӣ кардам, вале бадтар шуду беҳтар не. Духтурон мегўянд, ки табобат карда намешавад. Барои рафъи ин беморӣ ва фарзанддор шуданам дуое тавсия диҳед.

Савол:

Ассалому алайкум. Ман бисту чорсола ҳастам. Оиладорам, аммо ба сабаби беморие фарзанддор шуда наметавонам. Ду-се бор ҷарроҳӣ кардам, вале бадтар шуду беҳтар не. Духтурон мегўянд, ки табобат карда намешавад. Барои рафъи ин беморӣ ва фарзанддор шуданам дуое тавсия диҳед.

Саволдиҳанда:Абдуллоҳ

Ҷавоб:

 Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, фарзанд неъмати Худованд аст, кадом вақте ки хоста бошад, онро ба бандааш ато мефармояд. Аз ин рў, шитоб накунед ва ноумед ҳам нашавед. Пас аз ҳар намоз аз Худованд фарзанди солеҳ талаб кунед, иншоаллоҳ мақсудатон ҳосил хоҳад шуд. Худованди меҳрубон ба шумо шифои комил ва фарзанди солеҳ ато фармояд.

2022-06-15
1372
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:10
Пешин12:40
Аср17:17
Шом19:15
Хуфтан20:46