Савол № 02750

Чанде пеш хонда будам, ки зотпарварӣ (селексия, ба вуҷуд овардани навъҳои нави растанӣ, парандаҳо ва ҳайвоноти дурага) барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ғайра ҳаром аст. Мехостам бидонам, ки оё ин воқеан ҳаром аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Чанде пеш хонда будам, ки зотпарварӣ (селексия, ба вуҷуд овардани навъҳои нави растанӣ, парандаҳо ва ҳайвоноти дурага) барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ғайра ҳаром аст. Мехостам бидонам, ки оё ин воқеан ҳаром аст?

Саволдиҳанда:Муродҷон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар масъалаи ҳукми гўшти ҳайвони дурага фақеҳон назари мухталиф доранд. Мурод аз ҳайвони дурага он ҳайвонест, ки аз ду ҷинси мухталиф таваллуд шудааст, мисли хачир, ки модараш асп ва падараш хар мебошад. Назари фиқҳи ҳанафӣ ин аст, ки модари ҳайвони дурага мавриди эътибор аст, яъне ҳайвони дурага тобеъи модараш аст, на падараш. Пас, агар гўшти модари ҳайвони дурага ҳалол, масалан буз ва гўшти падараш ҳаром, ба таври мисол саг бошад, чунин ҳайвони дурага ҳукми модарашро мегирад ва хўрдани гўшташ ҳалол мешавад. Қобили зикр аст, ки гўшти хачир дар мазҳаби ҳанафӣ ба иҷмоъ ҳаром мебошад.

2022-08-01
1457
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47