Савол № 02752

Лутфан бигўед, ки аз нигоҳи шариат гирди қабрро бо панҷара ё девор маҳкам кардан ҷоиз аст? Дар санги мазор ба ғайр аз исми мутаваффо чиҳоро навиштан мумкин аст (масалан “Бисмиллоҳ” ё номҳои Худованд)? Умуман гузоштани санг болои қабр дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Лутфан бигўед, ки аз нигоҳи шариат гирди қабрро бо панҷара ё девор маҳкам кардан ҷоиз аст? Дар санги мазор ба ғайр аз исми мутаваффо чиҳоро навиштан мумкин аст (масалан “Бисмиллоҳ” ё номҳои Худованд)? Умуман гузоштани санг болои қабр дуруст аст?

Саволдиҳанда:Абдулбосит

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ҳолати зарурат гирди қабрро бо панҷараи чўбин ё девор маҳкам кардан ҷоиз аст. Инчунин болои қабр гузоштани санг ҳамчун нишона машруъ аст. Агар эҳтиёҷ пайдо шавад, навиштани ному насаб ва санаи вафот дар санги қабр боке надорад, аммо навиштани “Бисмиллоҳ” ё номҳои Худованд дар санги қабр хуб нест, зеро эҳтимоли иҳонат нисбати он вуҷуд дорад.

2022-08-01
1738
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52