Савол № 02759

Лутфан дар бораи намози қаср ва масофаи сафар маълумоти муфассал медодед.

Савол:

Ассалому алайкум. Лутфан дар бораи намози қаср ва масофаи сафар маълумоти муфассал медодед.

Саволдиҳанда:Зайнаб

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, вақте ки шахсе аз маҳалли зисташ азми сафар кунад ва масофа то макони мақсудаш 120 км роҳ бошад, намозҳоро қаср мегузорад. Агар дар аснои сафар намози чаҳорракъатие қазо шуд, онро низ ба сурати қаср, яъне ду ракъат ба ҷо меорад. Яъне дар ин ҳолат намозҳои чаҳорракъатии фарзро ду ракъат мегузорад, вале суннатҳоро пурра мехонад. Намози бомдод ва шомро низ пурра мехонад, зеро намози бомдод худ ду ракъат аст ва намози серакъатӣ қаср надорад. Агар шахси мусофир ният кунад, ки дар шаҳре ба муддати 15 рўз иқомат кунад, дигар ҳукми мусофириро надорад ва намозҳояшро комил адо менамояд. Аммо дар ҳолати камтар аз 15 рўз истодан дар он шаҳр  намозро қаср мегузорад.

2022-11-24
1058
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52