Савол № 00437

Ассалому алайкум. Фидя барои шахсе, ки бемори қанд аст ва рӯза намегирад, мумкин аст? Чӣ қадар фидя бояд дод ва ба чӣ гуна одамон?

Савол:

Ассалому алайкум. Фидя барои шахсе, ки бемори қанд аст ва рӯза намегирад, мумкин аст? Чӣ қадар фидя бояд дод ва ба чӣ гуна одамон? 

Саволдиҳанда:Қосим.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бародари азиз. Касоне, ки гирифтори беморӣ буда, аз гирифтани рӯза ҳамеша оҷиз мебошанд, рӯзаи худро хӯрда, баъдан барои ҳар рӯзе 20 сомонӣ фидя диҳанд. Агар бо ҳамин кулли Рамазон рӯза гирифта натавонад, 600 сомонӣ фидяи рӯза пардохт менамояд. Фидяи рӯзаро ба касоне медиҳад, ки масрифи закот ҳастанд, яъне қарздор, фақир, мискин ва мусофир.

2016-06-09
4149
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53