Савол № 00448

Домуллои муҳтарам, аз пуле, ки барои хона харидан барои писар дар давоми чанд сол ҷамъ кардаӣ, закот дода мешавад?

Савол:

Домуллои муҳтарам, аз пуле, ки барои хона харидан барои писар дар давоми чанд сол ҷамъ кардаӣ, закот дода мешавад

Саволдиҳанда:Муҳаммаднабӣ.

Ҷавоб:

Агар барои харидани хона маблағе ҷамъ карда бошед, ки ба ҳадди нисоби шаръӣ расида бошад ва як ё чанд сол аз он гузарад, вале ҳанӯз шумо хона харида натавонистед, пас дар ин ҳолат закотро адо мекунед. Аммо агар пас аз расидан ба ҳадди нисоб ва пеш аз гузаштани сол шумо бо он маблағ хона харидед, пас дар ин сурат закот бар шумо воҷиб намегардад.

2016-06-12
4372
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25