Савол № 00535

Касе, ки барои ҳаҷҷи таматтуъ ё қирон ният карда ва шароити қурбонӣ карданро дошта бошад, ба ҷои он рўза гирифта метавонад ё не?

Савол:

Касе, ки барои ҳаҷҷи таматтуъ ё қирон ният карда ва шароити қурбонӣ карданро дошта бошад, ба ҷои он рўза гирифта метавонад ё не?

Ҷавоб:

Ассалому алайкум бародари азиз, касе, ки барои ҳаҷҷи таматтуъ  ё қирон ният кардааст ва шароити қурбонӣ карданро дорад, ба ҷои он рўза гирифта наметавонад. Ҳатто касе, ки имкони қурбонӣ кардан надошта бошад ва ба ҷои он рўза гирифта бошад, бояд дар айёми наҳр, яъне рўзҳои 10, 11, 12, 13-уми Зулҳиҷҷа ба таври ҷудогона қурбонӣ кунад. Агар баъд аз айёми наҳр ва тарошидани мўйи сар ин имконро ба даст оварда бошад, рўза гирифтанаш кофӣ аст ва ҳоҷате барои қурбонӣ кардан нест.

2016-07-20
4944
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25